Дар ҷамъомаде, ки бо ҷалби комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” иҷрои талаботи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2023 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
Тавре Фаридун Маҳмадализода, сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиа хабар медиҳад, дар рафти ҷаласа, нахуст доир ба дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва оид ба вазъи ноустувору зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, роҳбарияти Вазорати мудофиа ибрози назар карда, изҳор дошт, ки дар чунин вазъият ҳар як фарди низомиро мебояд, ки аз ҳарвақта дида, дар самти иҷрои вазифаву ӯҳдадориҳои хизматӣ, бо масъулияти баланд муносибат намояд. Баҳри боз ҳам тақвият бахшидани тамоми самту соҳаҳои Артиши миллӣ, ки ба сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣва баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат таъсири бевосита мерасонад, ҷаҳду талош намояд.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи таҳлилу натиҷагирӣ аз чорабиниҳои даъватии соли сипаригашта қайд карда шуд, ки дар радифи як қатор комёбиву пешравиҳои назаррас, ҳамоно фаъолияти баъзе аз комиссияҳои даъватӣ боиси нигаронӣ мебошад. Аз ин рӯ, барои бартараф намудани ҳама гуна монеаву мушкилоти ҷойдойдошта супориш дода шуд, ки масъулини комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, баҳри сифатан хуб ташкилу ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти масъули вобастаи даъват, пеш аз ҳама ҳамкориро бо мардум, ҷавонони синни даъватӣ, волидони онҳо, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар афроди некбини ҷомеаи имрӯза боз ҳам ҷоннок намуда, дар миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣва чорабиниҳои ташвиқотиву тарғиботиро дар самти бедор намудани ҳисси худогоҳиву худшиносии миллӣ, зарурияти хизмати ҳарбӣ, адои вазифаи ҷавонмардӣ, ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ва шукргузорӣ намудан аз ин неъмати бебаҳо, ки музаффариятҳои давлати соҳибистиқлол ва Ватани ободу зебо арзёбӣ мешавад, роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон тамоми шароити заруриро барои ҳайати комиссияи даъватӣ муҳайё созанд.