Дар Москва ҷаласаи якуми гурӯҳи кории аъзои Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин баргузор шуд

14 март дар шаҳри Москва  ҷаласаи якуми гурӯҳи кории аъзои Шӯрои байниҳукуматии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин доир гардид, ки дар кори он Раиси Шӯрои байниҳукуматии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин дар соли 2023, Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода тариқи онлайн ва гурӯҳи корӣ дар шаҳри Москва таҳти роҳбарии муовини сардори Саридора Алимаҳмуд Ализода ба таври ҳузурӣ иштирок намуданд. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Саридораи геология Мавҷуда Анварӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар ҷаласа гуфта шуд, ки нақшаи ояндадори корҳои муштарак оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2021-2025 бо қарори Шӯрои иқтисодии ИДМ аз 12 марти соли 2021 қабул карда шуд. Дар доираи ин нақшаи ояндадор корҳо дар 41 лоиҳа дар дувоздаҳ самти асосӣ гузаронида шуданд.

Дар ҷаласаи XXV Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои аъзои ИДМ барои баррасии самтҳои муҳими рушди геология ва ҳифзи қаъри замин дар шароити муосир пешниҳод шуда буд, ки аз ҳисоби коршиносони давлатҳои аъзои ИДМ гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад.

Қарор карда шуд, ки рӯйхати самтҳои афзалиятнок бо мақсади амиқтар кардани ҳамкорӣ байни давлатҳои иштирокчии ИДМ дар соҳаи геология ва истифодаи зеризаминӣ дар шароити муосир таҳия карда шуда, ба баррасии иҷлосияи 26-уми Шӯрои байниҳукуматӣ пешниҳод карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки дар кори ҷаласаи якум намояндагони мақомоти соҳавии ИДМ, вазорату идораҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Узбекистон, Федератсияи Русия ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»