Дар Агентии Тоҷикстандарт бо масъулини вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати таҳияи ҳуҷҷати меъёрии техникӣ оид ба воситаҳои нақлиёти барқӣ, мизи мудаввар баргузор гардидааст.
Дар ин мизи муддавар намояндагони Агентии Тоҷикстандарт, ДТТ ба номи М.Осимӣ, КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонӣ соҳаи нақлиёт” , “Душанбенақлиётхадамот”, Вазорати нақлиёт, Вазорати саноат ва технологияҳои нав иштирок намуданд.
Тавре сомонаи Агентии Тоҷикстандарт хабар медиҳад, ин Агентӣ дар асоси дархости Вазорати нақлиёт ва Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади таҳияи ҳуҷҷати меъёрии техникӣ оид ба воситаҳои нақлиёти барқӣ зарур шуморид, ки дар ин самт гурӯҳи кории байинидоравиро таъсис медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷумҳурӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022 ,№532 Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 қабул гардид. Дар банди 2 нақша чорабинии татбиқи барномаи мазкур таҳия ва пешниҳоди санади меъёрии техникӣ пешбинӣ гардидааст. Дар иҷрои ин банд Вазорати нақлиёт бо Агентии Тоҷикстандарт бо дигар вазорату идораҳо вазифадор гаштаанд.
Ҳамчунин, дар машварат тарафҳои манфӣ ва мусбати нақлиёти барқӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Хотирнишон бояд сохт, ки нақлиёти барқи ин маҳсулоти нав буда, нисбат ба он дар ҷумҳурӣ ягон ҳуҷҷати меъёрии техникӣ қабул ва мавриди амал қарор дода нашудааст.
Гуфта мешавад, дар ҷамъомад ба хулосае омаданд, ки дар ин самт дар ҷумҳурӣ регламенти техникӣ қабул карда шуда, барои таҳияи ин ҳуҷҷати меъёрии техникӣ гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуда, бо фармоиши Агентии Тоҷикстандарт тасдиқ карда шавад.
Дар робита ба ин пешниҳод гардид, ки вазорату идораҳои дахлдор бояд шахсони масъули худро барои шомил намудан ба гурӯҳи корӣ расман пешниҳод намоянд. Вазифаи таҳияи ҳуҷҷати мазкур ва дарёфти кумаки техникӣ дар робита ба ин масъала ба зиммаи Вазорати нақлиёт вогузор карда шуд.