Мудири як муассисаи томактабӣ бо гумони тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда боздошт гардидааст.
Дар ин бора Агентии назорати давлатии молиявӣ ба мубориза бо коррупсия хабар дода, шарҳ медиҳад, ки мудири муассисаи томактабии №27 шаҳри Хуҷанд Раупова Мадинаҷон Абдулатифовна дар асоси маслиҳати пешакӣ бо мутахассиси қарзии ҶСП ТАҚХ «Имон интернешнл» Раҳимбоев Маликхуҷа Мӯминҷонович бо сӯиистифодаи ваколат бархилофи дастурамалҳои Бонки миллии Тоҷикистон амал намуда, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои бонкӣ ба ному насаби 11 нафар гӯё барои рушди тиҷорат ва таъмири хона маблағи умумии 161 050 доллари ИМА ва 727 500 сомонӣ қарзҳои бонкӣ тартиб додаанд.
Ба иттилои манбаъ, минбаъд номбурдагон маблағи зикршударо тасарруф намуда, ба манфиатҳои худ сарф кардаанд, ки дар натиҷа бо ин кирдорҳои худ ба ташкилоти қарзӣ зарари моддии махсусан калон расонидаанд.
Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Раупова Мадинаҷон Абдулатифовна бо моддаҳои 246 қисми 3 банди “б”, 340 қисми 2 бандҳои “а,б” ва нисбати Раҳимбоев Маликхуҷа Мӯминҷонович бо моддаҳои 246 қисм 3 банди “б”, 340 қисми 2 бандҳои “а,б” ва 265 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.