Шарҳи муфассал аз ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, имрӯз дар меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсӣ Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ доир гардид, ки дар кори он намояндагони вазорату идораҳо, шарикони рушд, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратҳои давлатҳои хориҷӣ ширкат варзиданд.

Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муовини Сарвазири кишвар Матлубахон Сатториён суханронӣ намуда, мақсади асосии баргузории ҷаласаро фароҳам овардани имконият барои назорати рафти иҷрои лоиҳаҳои дуҷониба ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкориҳо дар доираи Стратегияи миллии рушди устувор бо назардошти таъмини шуғл, имкониятҳо барои гирифтани таҳсилоти касбии дастрас, инчунин ҳифзи иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа, диверсификатсия ва тақвият бахшидан ба бозори меҳнат донист.

Зимни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулнора Ҳасанзода вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар баён дошт, ки ҷалби донорҳо ва шарикони рушд бо имкониятҳои мавҷудаи ҷумҳурӣ ҷиҳати таъсиси ҷойҳои корӣ, тавсеаи шуғли пурмаҳсул барои сокинони минтақа, рушди хизматрасониҳои рақамӣ, рушди ҳунармандӣ ва дар маҷмӯъ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегияи саноатикунонии босуръат дар кишвар мебошад, ки метавонад ба нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар таъсир расонад.

Садбарг Собирзода сардори раёсати котиботи вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки ин гуна ҷаласаҳо бо шарикони рушд ва донорҳо дар ҳамкорӣ бо вазорат бори сеюм аст, ки баргузор мегардад ва дар ин раванд дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд зиёда аз 10 лоиҳаи грантию инвеститсионӣ ба роҳ монда шуда, мавриди татбиқ қарор дорад.
Мавриди зикр аст, ки дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ рӯнамоҳо оид ба самтҳои фаъолияти вазорат ва нақшаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ пешниҳод шуда, иштирокчиён, аз ҷумла шарикони рушд доир ба амалӣ гардидани онҳо ибрози назар намуданд. Ҳамзамон, ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва рушди минбаъдаи соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон пешниҳоду тавсияҳои судманд манзур гардиданд.

Парвина Самандарзода

радиои “Тоҷикистон”