Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмиллалӣ дар мавзӯи “Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, сиёсати ҳамҷаворӣ, ҳамёрӣ, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак” баргузор гардид.
Дар кори Конфронс роҳбарон ва коршиносони марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ ширкат доштанд. Тавре ҳамкорамон Олуфта Шарипова аз рафти ҳамоиши мазкур иттилоъ дод, дар рафти конфронс нақши кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини амният ва суботи минтақаваию байналмиллалӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа дар самти мазкур мавриди таҳлили иштирокчиён қарор гирифт.
Ҳамзамон сиёсати ҳамҷаворӣ ва ҳолату дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказ ҳамчун омили муҳими таъмини субот ва рушди устувор дар шароити тағироти куллӣ дар низоми муносибатҳои байналмиллалӣ мавриди баррасии ҳамаҷонибаи коршиносон қарор гирифт.