Дар остонаи таҷлили 111 солагии Рӯзи матбуоти тоҷик рӯз бо чанде аз рӯзноманигорони собиқадори кишвар ҳамсуҳбат шудем ва андешаҳояшонро роҷеъ ба вазъи имрӯзаи матбуоти тоҷик ва рушди он дар даврони соҳибистиқлолӣ пурсон шудем.
Дар мавриди ду суоли боло Далери Абдулло муовини сармуҳаррири рӯзномаи парлумонии Тоҷикистон “Садои мардум” гуфт, ки матбуоти тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ бештар рушд намуд, чаро ки дар ин давра тамоми шароитҳои зарурӣ ба журналистон фароҳам оварда шудааст. Далери Абдулло муовини Сармуҳаррири рӯзномаи парлумонии Тоҷикистон “Садои мардум” инчунин роҷеъ ба озодии сухан дар Тоҷикистон андешаҳояшро иброз дошт ва гуфт, ки набояд мушкилоти байни як мақомотро бо рӯзноманигор маҳдудияти озодиии сухан номид. Мавсуф афзуд, ки ин чуна мушкилот дар тамоми давлатҳои рӯйи дунё ба чашм мерасад.
Ба андешаи сардабири рӯзномаи “Фараж” Хуршеди Атоулло маҳз замони соҳибистиқлолӣ боис гардид, ки рӯзномаву маҷаллаҳои зиёде ба фаъолият оғоз намоянд ва маводҳое ба табъ расонанд, ки бар нафъи ҷомеаи имрӯзаи тоҷик бошанд.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯз барои рушди матбуоти тоҷик назар ба даврони пеш майдони васеътар мавҷуд аст. Ҳар рӯзномае, ки маводи хонданию ҷолиби диққати аудитория дошта бошад, бидуни шубҳа дар кутоҳтарин муддат муваффақ мешавад. Маълум аст, ки замони соҳибистиқлолии кишвар барои пешрафт ва фаъолияти озодонаи васоити ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқиро фароҳам овардааст. Чунин имконияту шароити арзанда, аз ҳар нафаре, ки ба эҷод майл дорад самимияту муҳаббати хосаро талаб менамояд.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”