Дар меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсӣ Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ доир гардида истодааст.
Дар ин бора ҳамкорамон Парвина Самандарзода аз ҷараёни баргузории Шӯрои болозикр иттилоъ медиҳад. Дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳо, шарикони рушд, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратҳои давлатҳои хориҷӣ ширкат доранд.
Дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён суханронӣ намуда, мақсади асосии баргузории ҷаласаро фароҳам овардани имконият барои назорати рафти иҷрои лоиҳаҳои дуҷониба ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкориҳо дар доираи Стратегияи миллии рушди устувор бо назардошти таъмини шуғл, имкониятҳо барои гирифтани таҳсилоти касбии дастрас, инчунин ҳифзи иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа, диверсификатсия ва тақвият бахшидан ба бозори меҳнат мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар ҷаласа рӯнамоҳо оид ба самтҳои фаъолияти вазорат ва нақшаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ пешниҳод шуда, иштирокчиён, аз ҷумла шарикони рушд доир ба амалӣ гардидани онҳо ибрози назар хоҳанд кард.
Самандарзода П.
радиои “Тоҷикистон”