Ҷудочиёни тоҷик аз «Tashkent Grand Slam 2023» бо як медали тилло ва як биринҷӣ ба ватан баргаштанд

Шаби 9-уми март ҳайати ҷудокорони кишвар аз мусобиқаи «Tashkent Grand Slam 2023» ба ватан баргаштанд. Ҷудокоронро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе – намояндагони соҳаи варзиши мамлакат, наздикону пайвандон ва ҳаводорони ҷудои меҳан ва самимона истиқбол гирифтанд.

Бояд қайд намоем, ки рӯзҳои 3-5 март дар пойтахти Ӯзбекистон шаҳри Тошканд мусобиқаи «Tashkent Grand Slam 2023» баргузор гардид. Дар ин мусобиқа ба ду ҷудокори кишвар Эмомалии Нуралӣ ва Сомон Маҳмадбеков ба даст овардани медал муяссар шуд. Эмомалии Нуралӣ дар вазни -66кг медали тилло ва Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81кг медали биринҷиро ба даст оварданд.

Сорбон Амонуллозода

радиои “Тоҷикистон”