Завқӣ Завқизода дархост намуд, ки марҳилаи дуюм, сеюм ва чоруми лоиҳаи “Диёри Душанбе” роҳандозӣ шавад

Дар доираи сафари кории ҳайати Тоҷикистон ба Давлати Қатар рӯзи 8 марти соли 2023 дар шаҳри Давҳа вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори кулли бахши маркетинги ширкати “Диёри Қатар” доктор Абдуллоҳ Яъқуб ал-Саид баргузор гардидааст.

Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба фаъолияти ширкати мазкур дар Тоҷикистон, густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва раванди идомаи татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди муҳокима қарор доданд.

Таъкид гардидааст, ки сармоягузории ширкати “Диёри Қатар” дар татбиқи лоиҳаҳои бахши сохтмон, аз ҷумла бунёди бомуваффақи марҳалаи якуми лоиҳаи «Диёри Душанбе» ифодагари алоқамандии ҷонибҳо ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию сармоягузорӣ мебошад.

Ба иттилои манбаъ, бо мақсади густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ҷалби сармояи қатарӣ ба иқтисоди миллӣ Завқизода З. А. роҳандозии марҳилаи дуюм, сеюм ва чоруми лоиҳаи “Диёри Душанбе” дархост намудааст.

Гуфта мешавад, ки дар ҷавоб ба дархости ҳайати Тоҷикистон роҳбарияти ширкати «Диёри Қатар» барои сармоягузории минбаъда дар татбиқи марҳилаи дуюм, сеюм ва чоруми лоиҳаи “Диёри Душанбе” изҳори омодагӣ намуд.