Нимаи дуюми рӯзи 6-уми март размкори шинохтаи тоҷик Нурулло Алиев баъди пирӯзӣ дар доираи рақобати UFC ба ватан баргашт.
Нурулло Алиевро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе масъулини соҳаи варзиши мамлакат бо роҳбарии муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Парвиз, инчунин шумораи зиёди ҳаводорони варзиши меҳан, наздикону пайвандон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Бояд қайд намоем, ки охири ҳафтаи гузашта Нурулло Алиев дар нахустин қувваозмоияш дар доираи рақобатҳои UFC бар Рафаэл Алвеси бразилӣ ғолибият ба даст оварда буд. Размкори шинохтаи тоҷик дар 9-қувваозмоӣ тибқи қоидаҳои муҳорибаи омехта 9-пирӯзӣ ба даст овардааст. Ҳамчунин Нурулло нахустин варзишгар аз риштаи муҳорибаҳои омехта дар таърихи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки бо ташкилоти бонуфузи UFC шартнома баста муҳориба анҷом дод.
Қобили зикр аст, ки пас аз Нурулло размкори дигари тоҷик Лоиқ Раҷабов ҳам бо UFC шартнома баста, аввалин рақобаташро бо пирӯзӣ анҷом дод.