“Садои мардум”: Маҳудудияҳоти истифодаи маҳсулоти тамоку бештар мешавад (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои ин ҳатфаи чопи Душанбе ба муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистон, таваҷҷуҳ карда, дар ин замина хабару мақолаҳои таҳлилӣ нашр кардаанд.

Нашрияи расмии “Ҷумуҳрият” дар шумораи рӯзи 2 март бо нашри матлабе хабар додааст, ки то рӯзи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳазор иншооти таъиноти гуногун бунёд мешавад.

Муаллиф ба нақл аз Умедҷон Носирзода муовини раиси вилоят менависад, ки то соли 2026  дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёди беш аз 1000 иншоот бо арзиши зиёда аз 1 миллиард сомонӣ ва зиёда аз 100 коргоҳу корхонаи саноатӣ пешбинӣ шудааст.

Аз ҷумла, дар шаҳри Хоруғ бунёди беш аз 230 иншоот, ноҳияи Дарвоз – 103, Ванҷ – 101, ноҳияи Рӯшон – 150 бинои замонавӣ, Шуғнон – 312 иншоот, Роштқалъа – 205, ноҳияи Ишкошим – 104 ва ноҳияи Мурғоб – 83 иншоот бунёд мешаванд, ки барои рушди инфрасохтори вилоят, шуғли доимии аҳолӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва дар маҷмуъ, беҳбуд бахшидан ба сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат хоҳад кард.  

Дар ин замина таъкид мешавад, ки танҳо дар ду соли охир бо маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 200 иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода дода шуд.

Нашрияи “Ҷумуҳрият” дар ин шумораи худ, матлабе дар мавриди маҳсулоти заргарӣ аз тиллову нуқра  дар бозорҳои кишвар нашр карда, аз сифати маҳсулот изҳори нигаронӣ кардааст. Ба навиштаи муаллиф дар баъзе ҳолатҳо дар ангуштарӣ ва  гӯшвораи  тилло танҳо қисми болоии онро ташкил дода, боқимонда хокаи маъдани ғайриқиматбаҳо мебошад.

Муаллиф бо истинод ба маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, навиштааст, сабаб дар он аст, ки дар бозори маҳсулоти заргарӣ ҷавоҳироти бесифат ва қалбакӣ роҳ ёфтааст. Тибқи иттилои ин манбаъ, соли 2022 ба ҳудуди Тоҷикситон  397 килограмм маҳсулоти заргарӣ ба маблағи беш аз 5 миллион доллар ба таври ғайриқонунӣ ворид шудааст, ки он ҳангоми бақайдгирӣ дар хатсайри Душанбе – Истанбул ошкор гардид.

Дар идома муаллиф такъид мекунад, ки дар бозори маҳсулоти заргарӣ, мутаассифона, воридот ва истеҳсоли ҷавоҳирот бо тамғаи қалбакӣ роҳ дода мешавад. Дар ин ҳолат ҳуқуқи истеъмолкунандагон поймол шуда, фаъолияти ғайриқонунӣ аз назорати давлатӣ дур мемонад.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 1 март хабар додааст, ки дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ба қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» тағйироту иловаҳо ворид карда шуд.

Дар ин ҷаласаи парлумон таъкид шуд, тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида чораҳои пешбининамударо вобаста ба таъмини солимии аҳолӣ, алалхусус нисбат ба ҷавонон, тақвият бахшида, онҳоро аз хатари зарар ба саломатӣ эмин дошта, ба рушди минбаъда мусоидат хоҳад намуд.

Аз ҷумла гуфта шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур ҷорӣ намудани муносибати ягона ҷиҳати танзим, фурӯш ва истифодаи ҳама намуди маҳсулоти тамоку, аз ҷумла нос, кашидани тамоку бо чилим, инчунин сигорҳои электронӣ, пешбинӣ менамояд. Ҳамчунин, лоиҳаи мазкур як қатор маҳдудиятҳо барои истифодаи маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотинро пешниҳод менамояд.

Нашрияи “Садои мардум” дар ин шумораи хеш дар мусоҳиба бо корманди масъули Вазоарти рушди иқтисод ва савдо ин саволро матраҳ кардааст, ки даҳ соли узвият  дар Созмони ҷаҳонии Тиҷорат ба Тоҷикистон чӣ дод?

Рукниддини Лутфулло раҳбари раёсати ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар  Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба ин нашрия гуфтааст, ки дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии байналмилалӣ, аз ҷумла мувофиқи арзёбии ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ дар байни 190 кишвари ҷаҳон, 35 зина боло рафт ва Тоҷикистон дар солҳои охир чор маротиба ба даҳгонаи кишварҳои пешқадами ислоҳотгар шомил шуд.

Инчунин ба гуфтаи вай дар натиҷаи ислоҳоте, ки дар даҳ соли узвият дар Созмони ҷаҳонии Тиҷорат амалӣ карда шуданд, пешравиҳо назаррас аст, аз ҷумла ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ аз наздики 5 миллиард доллар дар соли 2013 ба зиёда 7 миллиарду 512 млн. доллар дар соли 2022 расид.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон”дар шумраи рӯзи 1 март матлабе бо номи “Ташвиши довталаб. Чаро Маркази милии тестӣ нархҳоро гарон кард?” чоп кард. Нашрия хабар медиҳад, ки Маркази милии тестӣ нархи хизматрасониҳои худро дар қиёс ба соли 2022 боло бурдааст. Аз ҷумла нахри хадамотрасонӣ барои хатмкунандагони синфи 11–умро 300 сомонӣ муқаррар кардааст,ки нисбати соли гузашта 60 сомонӣ зиёд аст. Барои хатмкунандагони синфи 9 бошад арзиши хизматрасонӣ 210 сомонӣ аст, ки дар қиёс ба соли пеш 30 сомонӣ бештар мебошад.

Бо ин вуҷуд муаллифи матлаб сабаби афзоиши хизматрасониҳои Маркази милии тестиро шарҳ надода, танҳо бо зикри имтиёзҳои пешниҳоднамудаи марказ  барои ятимону маъюбон иктифо кардааст.

Нашрияи “Тоҷикистон” дар ин шумораи худ инчунин масъалаи фаъолияти ширкати русии “Яндекс.GO” дар Тоҷикистон ва сару садо атрофи онро баррасӣ кардааст. Нашрия ёдовар шудааст, ки дар охирин маврид Вазорати нақлиёт ба ин қазия вокуниш нишон дода, таъкид кардааст, ки фаъолияти ширкати русии “Яндекс.GO” дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ аст. Вазорати нақлиёт таъкид кардааст, ки ширкати мазкур бояд расман иҷозати кор дар Тоҷикситонро дарёфт кунад.

Муаллиф  мегӯяд, ки нигаронии асосӣ  ба  рақобатпазирии ширкатҳои маҳалӣ бо  ширкати русии “Яндекс.GO” рабт дорад. Аз сӯи дигар ба гуфтаи муаллиф барои мардум муҳимтар аз ҳама хизматрасонии арзону босифат аст.

Нашрияи русизабони “Азия-плюс” дар шумораи рӯзи 2 март бо се нафар наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ки дар амалиёти имдодрасонӣ дар Туркия иштирок доштанд, мусоҳиба анҷом додааст. Наҷотбахшони тоҷик аз кори хеш дар шаҳрои харобшудаи Туркия қисса карда, гуфтаанд, ки кори наҷотбахшӣ дар ин кишвар малакаву таҷрибаи онҳоро барои наҷоти одамон дар ҳаолатҳои фавқулода бештар кард.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”