Эмомалии Нуралӣ дар «Tashkent Grand Slam 2023» сазовори медали тилло гардид

Ҷудокори ҷавону умедбахши кишвар, Чемпиони ҷаҳон миёни ҷавонон дар соли 2022 дар вазни -66кг Эмомалии Нуралӣ, дар рӯзи якуми мусобиқаи «Tashkent Grand Slam 2023» сазовори медали тилло гардид.

Дар рақобати ниҳоӣ Эмомалии Нуралӣ бо ҷудокори мизбон Сардор Нуриллаев рақобат намуд, ки дар даври дуюм варзишгари дигари тоҷик Шаҳбоз Саидабуроровро шикаст дода буд, пирӯзӣ ба даст оварад.

Паҳлавони умедбахши тоҷик барои роҳ ёфтан ба финали мусобиқа роҳи ноҳамвореро тай намуд. Ӯ дар даври аввал варзишгари Туркменистон Ҳаким Агамамедовро бидуни мушкили шикаст дода ба даври дуюм роҳ ёфт. Эмомалӣ дар даври дуюм ҷудокори мизбон Бобур Вадҷиевро дар як рақобати шадид аз сари роҳ дур кард ва ба даври сеюм роҳхат гирифт.

Дар даври сеюм Эмомалӣ ҷудокори фаронсавӣ Валид Хюарро шикаст дода, дар даври нимниҳоӣ ҷудокори бомаҳорати ӯзбек Мухриддин Тилововро ноком намуда ба финал баромад.

Ҳамин тариқ Эмомалии Нуралӣ медали тиллоӣ «Tashkent Grand Slam 2023»-ро ба даст овард.

Сорбон Амонуллозода

радиои “Тоҷикистон”