Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии (GTEX) Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) силсилаи вебинарҳо дар мавзӯъи тиҷорати электрониро ба анҷом расонидааст. Ин омӯзишҳо бо ҳадафи боз кардани роҳи соҳаи нассоҷиву дӯзандагии тоҷик ба бозорҳои интернетии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ва мусоидат ба инқилоби рақамии истеҳсолкунандагони маҳаллӣ рӯидаст гирифта шуданд.
Ду вебинари нав иштироккунандагонро бо намудҳо, сохтор, тамоюлҳои соли 2023 дар бозори онлайни мӯд ва роҳҳои тарғиби бренди худӣ дар интернет шинос карданд.
Коршиноси МТБ ва тренер Тамари Миминошвилӣ тағйироти навтарин дар сохтори дӯконҳои интернетии либосфурӯширо шарҳ дод, фаъолияти дӯконҳои машҳури сатҳи ҷаҳонии мӯдро таҳлил кард, тамоюлҳои нав дар соли 2023-ро пешгӯӣ намуд, дар таҳияи асоси стратегияи тиҷорати электронӣ кӯмак расонид, ва бунёди дӯкони интернетӣ бо бурдарасонии байнулмилалиро қадам ба қадам нишон дод.
Хонум Миминошвилӣ дар ин вебинарҳо воситаҳои ҷолибу наверо барои афзоиши фурӯшҳои онлайнии маҳсулот ба корхонаҳои дӯзандагии Тоҷикистон таълим дод.
Хонум Миминошвилӣ бар ин бовар аст, ки ин маълумоту дониш ба корхонаҳои тоҷик барои ҳамроҳ гардидан ба равандҳои муосири рақамисозӣ ва баҳрабардорӣ аз онҳо имкониятҳои нав фароҳам меорад: “Ҳадафи ниҳоии мо кумак ба соҳибкорон барои оғозу беҳтар кардани тиҷорат дар интернет мебошад. Мо дар ин вебинарҳо ҳамаи марҳилаҳои бунёди дӯкони интернетиро, аз ҷумла, дарёфти муштарӣ дар саросари ҷаҳон ва бурдарасонии маҳсулот ба кишварҳои дигарро омӯзонидем. Мо роҳу василаҳои тақвияти ҳузур дар ҷаҳони виртуалӣ ва имконияти сареътар ва осонтари пешниҳоди молу маҳсулот ва хидматрасониҳо дар интернетро баррасӣ кардем”.
Ширкатҳои тоҷик, ҳамчунин, сохтани дӯкони касбии интернетӣ бо василаҳои замонавии ҷалби муштарӣ ва эҷоди муҳтавои ҷолибро омӯхтанд. Онҳо тарҳрезии лоиҳаҳои онлайнии мустақим-бо-муштарӣ, таълими гуруҳи кормандон оид ба тиҷорати электронӣ ва ҳалли масъалаҳои рӯзмарра, ба монанди логистика, идораи анбор, ва омодаву ирсоли фармоишҳоро низ ошноӣ пайдо карданд.
Дар асри тиҷорати рақамӣ ширкатҳои дӯзандагии Тоҷикистон низ омодаи пешниҳоди имкониятҳои онлайнӣ ба муштариёнашон мебошанд.