Тағйирёбии иқлим олимонро водор месозад, ки минбаъд ба минтақаҳои кӯҳии кишвар бештар рӯ оварда, дар он ҷо таҷрибаҳои илмиро гузаронида, дар мутобиқсозии соҳаи кишоварзӣ ба ин раванди номатлуб мусоидат намоянд. Аз ин лиҳоз олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ИБФГР АМИТ) имсол тасмим гирифтанд, ки таҷрибаҳои илмиро доир ба омӯзиши хусусиятҳои сабзишу ҳосилнокии чанде аз зироатҳои кишоварзиро дар водии кӯҳистони Яғноб, дар балании бештар аз 2300 м аз сатҳи баҳр ба роҳ монанд.
Дар фасли баҳор, дар нимаи дуюми моҳи майи соли ҷорӣ мо ба деҳаи хушманзари Хишортоби водии Яғноб, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ ҷойгир аст, тухмиҳои картошка, ҷуворимакка, офтобпараст, гандум, нахӯд, каду, сулӣ, помидор, бодиринг ва ғайраҳоро оварда, дар замини хоҷагии деҳқонии Некмаҳмад Сафаров кишт намудем. Ба қитъаи замини таҷрибавӣ дар вақти кишт нуриҳои маъданӣ ва органикиро ворид намудем. Гузаронидани кишти тухмиҳо аз рӯи нақшаи зарурӣ ба роҳ монда шуд. Дар давраи нашъу намои зироатҳои киштгашта, нарм намудани байни қаторҳо, обмонӣ, дур сохтани алфҳои бегона ва дигар чорабиниҳои агротехнологӣ, инчунин мушоҳидаҳои морфологӣ ва баҳодиҳии сабзиши ниҳолҳоро дар давраҳои муайяни рушди онҳо сари вақт гузаронидем.
Чи тавре, ки таҷрибаҳо нишон доданд, дар шароити боду ҳавои мусоиди водии Яғноб ҳамаи зироатҳои киштгашта, хело нағз нашъу намо намуда, ҳосили дилхоҳро расониданд.
Бояд қайд намуд, ки боду ҳавои муссафои кӯҳистони ин водии биҳштосо, обҳои нуқрагини чашмаҳои кӯҳӣ, хокҳои серҳосил ва набудани ҳаргуна касаливу ҳашаротҳои заррасон барои ба даст овардани ҳосили тухмии хушсифати зироатҳо, меваҳои болаззати помидору бодирингу каду ва лӯндаҳои хушсифати картошка хуб мусоидат менамоянд. Мо имсол дар ин минтақа бештар аз 20 намунаҳои гуногуни картошкаро,ки олимони Федратсияи Руссия, Тоҷикистон ва Ҳолланд ба даст оварда буданд, кишт карда будем. Дар қитъаи таҷрибавӣ мо дар охири моҳи август ҳослнокии намунаҳои гуногуни картошкаро муайян намудем. Бояд қайд намуд, ки қариб ҳамаи намунаҳои картошка дар ин минтақаи кӯҳӣ ҳосили дилхоҳро расониданд. Махсусан, навъҳои нави картошка, ки дар шароити Тоҷикистон ба даст оварда шуда буданд, ба монанди «Тоҷикистон», «Файзи Истиқлол», «Мастчоҳ», «Академия миллӣ-1», «Файзобод», «Рашт» ва «Нилуфар» ба ҳисоби миёна ба даст овардани ҳосилнокии 300-400 с/га-ро таъмин намуданд. Аз навъҳои картошкаи олимони Руссия ба даст оварда шуда, ки мо онҳоро дар қитъаи таҷрибавӣ кишт намуда будем, ба монанди Садон, Ариел ва Фаско низ ҳосили 280-390 с/га-ро ба даст овардем. Бояд қайд намуд, ки ҳосили навъҳои селексияи олимони руссия дар шароити водии Яғноб нисбат ба дигар навъҳои картошка тақрибан 10-12 рӯз пештар пӯхта расид. Мо тасмим гирифтем, ки дар оянда тавассути дурагакунии навъҳои селексияи тоҷик ва руссия метавон намунаҳои серҳосил ва тезпази картошкаро ба даст овард.
Навъҳои картошкаи селексияи кишвари Ҳолланд-«Пикассо» ва «Алладин» ҳам нисбатан тезпаз буданд ва ба даст овардани ҳосили то 280-370 с/га-ро таъмин намуданд.
Чизи дигаре, ки барои корҳои селексионӣ хело зарур аст ин хело бисёр гул кардани намунаҳои картошка ва аз гулҳо ҳосил гаштани ғурраҳои картошка мебошад.
Мушоҳидаҳои мо собит сохтанд, ки нишонаи генетикии навъҳои картошка- ҳосилшавии ғӯрраҳо дар водии Яғноб, ки ҳавояш хело салқин аст,нисбат ба дигар минтақаҳои кӯҳии кишвар хело зиёд аст ва дар оянда барои ривоҷи корҳои генетикию селексионӣ дар ин водӣ шароити табиӣ хело мутобиқ мебошад.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳамаи зироатҳои кишт намудаи мо дар водии Яғноб оиди ташаккулёбии ҳосилнокиашон натиҷаҳои мусбат доданд ва дар оянда нақша дорем, ки ин корҳои илмиро дар водии зархези Яғноб боз ҳам васеътар ба роҳ монем.
Қурбоналӣ ПАРТОЕВ, доктори илмҳои кишоварзӣ,
Мавлон ҚУРБОНОВ, номзади илмҳои кишоварзӣ,
Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон