Футболбози 18-солаи тими мунтахаби Тоҷикистон Хусрав Тоиров бо бошгоҳи «Шахтёр» Донетски Украина қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонид. Шартнома миёни футболбози тоҷик ва дастаи украинӣ, ба мӯҳлати 5-сол баста шудааст.
Қаблан Хусрав Тоиров дар дастаи «Атирау»-и Қазоқистон ҳунарнамоӣ мекард, ки дар мавсими гузаштаи чемпионати Қазоқистон дар ҳайати ин тим 10-бозӣ гузаронидааст. Инчунин Тоиров дар бошгоҳҳои «Локомотив-Помир» ва «Динамо»-и Душанбе ҳунарнамоӣ кардааст.
Дастаи нави Хусрав Тоиров – бошгоҳи «Шахтёр»-и Донетск пас аз 14-даври лигаи олии Украина дар ҷойи дуюм қарор дорад ва аз дастаи «Днепр» 2-имтиёз камтар дорад.