Имрӯз дар Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода бо вазири маориф ва илми Федератсияи Россия Валерий Фалков баргузор гардид. Зимни мулоқот миёни тарафҳо мазокираҳо дар мавриди ҳамкориҳои мутақобилан судманд сурат гирифт.
Дар даромадгоҳи Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон меҳмононро Файзулло Машраб ректори Донишгоҳ, Олга Кравченко муовини ректори Донишгоҳ ва намояндагони дигари расмӣ пешвоз гирифтанд. Сипас миёни муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон Ҷамшед Ҷуразода ва вазири маориф ва илми Федератсияи Россия Валерий Фалков музокироти корӣ анҷом дода шуд. Ҷамшед Ҷӯразода муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни мулоқот иброз намуд, ки имрӯз донишгоҳҳои Русия аз ҷумлаи шарикони боэътимоди Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Ба таъкиди Ҷамшед Ҷӯразода муовини вазири маориф дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи илмии Тоҷикистону Россия Шӯроҳои илмии диссертатсионии ҳамҷояи кишварҳо амал мекунад, ки танҳо дар соли 2022, 137 нафар аз олимони тоҷик дар ин шӯроҳо корҳои илмии худро дифоъ карда, соҳиби унвони илмӣ гардидаанд. Дар идомаи мулоқот вазири маориф ва илми Федератсияи Россия Валерий Фалков суханронӣ намуда, аз ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм миёни Тоҷикистону Россия изҳори қаноатмандӣ кард. Валерий Фалков вазири маориф ва илми Федератсияи Россия инчунин дар ин вохӯрӣ вусъати ҳамкории кишварҳоро дар самти табодули донишҷӯён саривақтӣ ва муҳим донист.
Файзулло Машраб ректори Донишгоҳи Славянии Россияву Тоҷикистон низ дар ин мулоқот аз ҳамкории судманди ҷонибҳо изҳори хушнудӣ карда, ба ҳозирин аз муваффақияти фаъолияти якҷояи ҷонибҳо ҳисоботи мухтасар дод. Аз ҷумла Файзулло Машраб гуфт, хурсандиовар аст, ки донишҷӯёни Донишгоҳҳои Урал ва Томски Федератсияи Россия дар базаи илмии Донишгоҳи Славянии Россияву Тоҷикистон корҳои таҷрибаомӯзии худро гузарониданд ва ҳамчунин нафарони зиёде тариқи фосилавӣ дар шакли саволҳои тестӣ имтиҳон супорида, натиҷаи баландро ба даст оварданд.
Дар фарҷоми мулоқот Валерий Фалков вазири маориф ва илми Федератсияи Россия баён дошт, ки тайи ду рӯзе, ки дар Тоҷикистон вохӯрӣ ва мулоқотҳои судманд баргузор мегарданд, боз дигар ҷанбаҳои робитаҳои илмии миёни давлатҳо, алалхусус мушкилоти дар ин самт ҷойдошта баррасӣ хоҳанд шуд. Боиси тазаккур аст, ки пас аз анҷоми мулоқот ҳайати меҳмонон аз Донишгоҳи Славянии Россияву Тоҷикистон ба пуррагӣ дидан карданд.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”