1 марти соли 2023 дар толори меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд форуми тиҷоратии соҳибкорони вилояти Суғд ва вилояти Нижегороди ФР баргузор гардидааст.
Тавре сомонаи расмии МИҲД вилояти Суғд хабар медиҳад, дар кори форум роҳбарони ташкилоту идораҳои давлатӣ, соҳибкорону тоҷирон ва роҳбарони корхонаву ширкатҳои ду вилоят иштирок намуданд.
Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки вилоят барои ҳамкорӣ ва густариши табодули молу маҳсулот доимо омода мебошад. Тазаккур дода шуд, ки дар вилояти Суғд истихроҷ ва коркарди маъдан, метал, ангишт, бофандагӣ, мошинсозӣ, маҳсулоти кишоварзиву чорводорӣ, саноати сабук хеле рушд намудааст. Дар вилояти Суғд беш аз 800 корхонаи хурду бузург фаъолият дошта, соҳибкорони тоҷик дар бахшҳои саноати мошинсозӣ, коркарди пашм, то ба коркарди ниҳоӣ расонидани пахта, истеҳсол, банду баст ва содироти меваву сабзавоти шаҳдбор метавонанд ҳамкории хубу самаранок дошта бошанд.
Зимнан таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия шарикони стратегӣ ба ҳисоб рафта, дар доираи сиёсати оқилонаи сарони ду давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин дар тамоми соҳаҳо ҳамкории мутақобила ва судманд ба рох монда шудааст.
Артем Баранов, муовини вазири саноат, савдо ва соҳибкории вилояти Нижегороди ФР изҳор дошт, ки вилояти Нижегород аз минтақаҳои рушдкардаи Россия маҳсуб ёфта, дар он садҳо корхонаи азими саноатӣ мавҷуд мебошад. Ҳиссаи асосии саноати мошинсозии ФР маҳз ба ҳамин вилоят рост омада, ҳамчунин саноати сабук ва коркард хуб ба роҳ монда шудааст. Бо истифода аз таҷрибаҳо густариши ҳамкориҳои тарафайн ва таъсиси корхонаҳои муштарак ба манфиати кор хоҳад буд.
Дар форум инчунин, таваҷҷуҳи бештар ба маҳсулоти кишоварии вилоят, аз ҷумла меваву сабзавот зоҳир карда шуд.
Дар идомаи форум роҳбарони ширкатҳо ва соҳибкорону тоҷирон фикру андешаҳои хешро вобаста ба густариши ҳамкориҳо изҳор дошта, омодагии худро барои тақвияти он ва таъсиси корхонаҳои муштарак баён намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки сафари гуруҳи кории вилояти Нижегород дар вилояти Суғд ду рӯз идома карда, меҳмонон аз корхонаҳои саноатии вилоят ва мавзеъҳои таърихӣ боздид ба амал хоҳанд овард.