Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон машварати назоратии назди раиси вилоят, бо иштироки муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси вилоят, роҳбарони идораю муассисаҳои дахлдор ва намояндагони васоити ахбор баргузор гардидааст.
Тавре Маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад, дар машварат масъалаҳои “Рафти иҷрои қарори раиси вилоят “Оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷори намудани механизми таъин ва пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рафти иҷрои қарори раиси вилоят “Оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”, “Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012 “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ” ва гузориш оид ба санҷишҳои ногаҳонӣ ҷиҳати таъмини талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идораву муассисаҳои вилоятӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ба иттилои манбаъ, раиси вилоят Алишер Мирзонабот аз ҷараёни амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар қаламрави вилоят изҳори нигаронӣ намуда, таъкид кард, ки ҳанӯз ҳам рӯйхати хоҷагиҳои камбизоат, ки бояд аз ин дастигирии Ҳукумати мамлакат бархӯрдор бошанд, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баробар намеояд. Дар ин зимн, масъулин дастур гирифтанд, ки мушкилоти ҷойдоштаро саирвақт бартараф намоянд.
Зимнан, раиси вилоят дар доираи рушд ва оммавигардонии футбол, ташкили дастаҳои мунтахаби футбол аз намудҳои занонаю мардона, таъмири варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ, ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба варзиши рақами як дар ҷаҳон супоришҳои мушаххас доданд. Масъулини раёсати сатандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои вилоят ва дигар сохторҳои назоратӣ вазифадор гардиданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро оид бехатараии маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозорҳо, дӯкону мағозаҳо байн соҳибкорон ва фурӯшандаҳои маҳсулоти хӯрокворӣ ҷонноктар намуда, аз савдои маҳсулоти пастсифати озӯқаворӣ сари вақт ҷилавгирӣ карда шавад. Ҳамчунин, АлишерМирзонабот дар назди масъулини идораю муассисаҳо бобати риояи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва интизомӣ меҳнат вазифаҳои иловагӣ гузоштааст.