Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон семинари илмӣ таҳти унвони “Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – маркази тайёр намудани мутахассисони баландихтисос” доир гардида истодааст, ки дар кори он намояндагон аз роҳбарияти донишгоҳ, раёсатҳои илмӣ, мутахассисон ва олимони ҷавони донишгоҳ ширкат доранд.
Дар семинари илмӣ оид ба вазъи имрӯзаи илм дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, омилҳои таъсиррасон барои рушди минбаъдаи базам илмии донишгоҳ, ҷалби сармояҳои ташкилотҳои байналмилаливу молиявӣ ҷиҳати дастгирии таҳқиқотҳои илмӣ маърӯзаҳо ироа гардид.
Гуфта шуд, ки барои ҷалби грантҳои хориҷӣ олимон, бахусус мутахассисони ҷавонро лозим аст, ки ба ду омили пешрафт: донистани забони англисӣ ва чопи мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии байналмилалӣ бо забони англисӣ, такя кунанд. Танҳо бо ин роҳ мешавад, ки маблағгузориро дар самти дастгирии таҳқиқотҳои илмӣ вусъат бахшид ва дар илм навоварӣ кард.
Дар идомаи семинари илмӣ дар назар аст, ки масъалаҳое чун мушкилоти имрӯзаи самти илм маърӯза карда шавад.
Парвина Самандарзода