Дар заминаи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон телевизиони донишгоҳ таъсис меёбад. Дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар бинои телевизион оғоз гардидаанд. Ин матлаб зимни вохӯрии роҳбарияти донишгоҳ бо ҳайати устодону кормандони факултети журналистика таъкид карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Бо пешниҳоди роҳбарияти донишгоҳ дар сатҳи факултет журнали илмии «Журналистика» таъсис дода шуда, дар он мақолаҳои илмии устодони соҳибқалам, ки дар конференсияҳо маъруза мекунанд, нашр карда мешаванд.
Зимни вохӯрӣ самтҳои мухталифи фаъолияти факултет мавридӣ барасӣ қарор гирифта, иброз гардид, ки фаъолияти тамоми сохторҳои факултет таҷдиди назар гардида, корро дар ҳамаи самтҳо ҷоннок намудан зарур аст.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон