Ситоди мураббиёни тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) зери роҳбарии мутахассиси беларусӣ Олег Кубарев ҳайати бозингаронро ҷиҳати иштирок дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 1-ум то 18-уми март дар кишвари Ӯзбекистон баргузор мешавад, муайян карданд.
Ба рӯйхати бозингарон 23-нафар, 3-дарвозабон, 7-ҳимоятгар, 9-нимҳимоятгар ва 4-ҳамлагар шомил гардиданд.
Дар Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Урдун (2-март), Уммон (5-март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8-март) рақобат мекунад.
Пас аз натиҷагирии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон дар Ӯзбекистон чор тими беҳтарин ба мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон роҳ меёбад, ки баргузоршавиаш дар Индонезия ба нақша гирифта шудааст.
Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) барои ширкат дар Ҷоми Осиё-2023 дар Ӯзбекистон:
Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров («Хатлон»), Шаҳобиддин Маҳмудзода («Динамо»), Суҳробхӯҷа Юсупов («Хуҷанд»);
Ҳимоятгарон: Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд»), Раҳматшо Раҳматзода («Ҳосилот»), Меҳрубон Ғаффорзода («Равшан»), Содиқҷон Қурбонов («Истиқлол»), Шаҳриёри Иноятулло («Равшан»), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Асадбек Зиёзода (Истаравшан);
Нимҳимоятгарон: Азизбек Ҳаитов («Хуҷанд»), Салам Ашӯрмамадов («Думиенсе», Португалия), Ҳамзаҷон Аҳтамов («Истаравшан»), Кабир Салимшоев («Динамо»), Амадонӣ Камолов («Истиқлол»), Салоҳиддин Иргашев («Истиқлол»), Алиҷони Айнӣ («Истиқлол»), Абдулло Шарипов («КМВА»), Фатҳулло Олимзода («Равшан»);
Ҳамлагарон: Абдулфаттоҳ Худойдодзода («Динамо»), Сунатулло Азизов («Хатлон»), Далер Шарифов («Металлург», Ӯзбекистон), Фаридун Давлатов («Регар-ТадАЗ»).
Сармураббӣ – Олег Кубарев (Беларус).