Размкори маъруфи шинохтаи кишвар Нурулло Алиев дар нахустин рақобаташ дар ташкилоти бонуфузи UFC муқобили размикори бразилӣ Рафаэл Алвес пирӯзи ба даст овард.
Рақобат миёни Нурулло Алиев ва Рафаэл Алвес 26-уми феврал дар штати Невадаи ИМА баргузор гардида, дар натиҷа доварон аз рӯи баҳогузорӣ, размкори тоҷикро ғолиб донистанд.
Нурулло Алиев соли 2000 ба дунё омадааст. Мухлисон ва ҳаводоронаш ӯро бо тахаллуси «Уқоби тоҷик» ном мебаранд.
Қобили зикр аст, ки ин рақобати аввалини Нурулло дар ташкилоти UFC ба ҳисоб меравад. Ӯ соли гузашта бо ин ташкилот қарордод ба имзо расонида буд.
Размикори бразилӣ – Рафаэл Алвес бошад, соли 2019 ба ин ташкилот роҳ ёфта буд ва ин рақобати чорумаш дар UFC ба ҳисоб меравад. Бояд қайд намоем, ки Нурулло Алиев нахустин тоҷик мебошад, ки Тоҷикистонро дар UFC аз ин намуди варзиш муаррифӣ намуд.