Размкори шинохтаи тоҷик – Нурулло Алиев дар муҳорибаҳои омехта (ММА), аввалин рақобаташро дар мусобиқоти UFC Vegas-70, дар вазни сабук шаби 26-уми феврал доир мекунад. Рақиби Нурулло Алиев – Рафаэл Алвеси 32-сола аз кишвари Бразиля ба ҳисоб меравад. Рақобат миёни ин размкорон дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Невадаи ИМА баргузор мешавад.
Ин рақобати аввалини Нурулло Алиев дар ин ташкилот ба ҳисоб меравад. Рақиби Нурулло – Алвеси бразилӣ бошад, дар UFC (Ultimate Fighting Championship) рақобати чорумашро доир менамояд. Ӯ дар ду набард пирӯз шуда, дар набарди пешин аз Дрю Добери амрикоӣ бо нокаут мувоҷеҳи шикаст гардидааст.
Дар маҷмӯъ, Алвес дар MMA 20-ғалаба ва 10-бохт дорад. Ӯ ҳуқуқи иштирок дар лигаи зӯртаринҳоро тавассути Dana White’s Contender Series 2-сол пештар аз Нурулло Алиев ба даст овардаааст.
Ёдовар мешавем, ки муҳорибаи Нурулло Алиев ва Рафаэл Алвес шаби 26-уми феврал соати 03:00 бо вақти Душанбе доир мешавад.
Бояд қайд намоем, ки Нурулло Алиев моҳи сентябри соли гузашта дар Лас-Вегас дар муҳорибаҳои омехта, дар доираи мусобиқаи интихобии Dana White’s Contender Series барои бастани шартнома бо UFC рақиби амрикоиаш Ҷош Уикро тариқи нокаут дар сонияҳои охирини раунди аввал шикаст дода, роҳхати UFC-ро ба даст овард.
Нурулло Алиев аввалин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки ба созмони UFC («Қаҳрамонии мутлақ оид ба якҳарба») дохил шуд ва то ҳоло шикастнопазир мебошад. Ӯ дар ҳамаи қувваозмоиҳои доир кардааш дастболо шуда, дутоашро бо нокаут анҷом додааст.