22 феврали 2023 дар бинои намояндагӣ вохӯрии навбатии масъулини Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Алмаато бо фаъолони диаспора ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими шаҳри Алмаато баргузор гардид.
Тавре Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Алмаато хабар медиҳад, дар рафти вохӯрӣ Консули генералӣ оид ба дастовардҳои муҳими кишвар дар самти саноатикунонии босуръат, шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” маълумот додааст.
Зимни вохӯрӣ таваҷҷуҳи ҳозирин ба тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ, инсондӯстию хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ ва таҳаммулпазирӣ, инчунин ба масъалаҳои пешгирӣ аз пайвастшавии ҳамватанон ба ҳаракатҳои террористию ифротӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷиноӣ, инчунин худдорӣ аз иштирок дар ҷангҳои давлатҳои хориҷӣ ҷалб карда шуд.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ масъалаи таҷлили ҷашнҳои миллию давлатӣ, аз ҷумла Рӯзи байналмилалии “Наврӯз” ва баргузор намудани чорабинии варзишии гуштингирӣ бо иштироки васеӣ ҳамватанони бурунмарзӣ, ҷавонон-донишҷӯён, соҳибкорон, муҳоҷирони меҳнатии тоҷик матраҳ гардидааст.