«Эмомалӣ Раҳмон-бунёдгузори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»- таҳти чунин унвон имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид.
Тавре АМИТ “Ховар”хабар медиҳад, зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки дар таъсис ва таҳкими иқтидори минбаъдаи Артиши миллӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим буда, бо шарофати хирадмандӣ ва дурандешии Пешвои миллат имрӯз ҳамаи шароит барои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат фароҳам оварда шудааст, то хизматчиёни ҳарбӣ тавонанд бо интизоми қавӣ, донишу малакаи сатҳи баланд, истифодаи моҳиронаи техникаву технологияҳои муосири ҳарбӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баҳри ҳимояи далеронаи Ватан ва саъю кӯшишҳо ҷиҳати таъмини ҳаёти осоишта ва созандаи мардуми тоҷик хидмат намоянд.
Гуфта шуд, ки бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 1993 Маркази таълимии Қӯшунҳои хушкигард таъсис дода шуд, ки дар вақти нарасидани кадрҳои низомӣ тадбири хеле пурарзиш буд. Мутахассисони хурди низомие, ки аз ҳисоби сарбозон дар ин маркази таълимӣ омода карда мешуданд, дар ташкил ва таҳкиму тақвияти ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ нақши муҳим бозидаанд.
Дар фарҷоми ҳамоиш ба як зумра раисони кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандонро дар муҳлати 20 рӯзи аввали моҳи октябри соли 2022 иҷро намуданд, сипоснома тақдим карда шуд.