Роҳбарияти Агентии авиатсияи гражданӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ рушди соҳаи авиатсия баррасӣ карданд

Имрӯз дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сафарзода Дилшод Файзалӣ – Директори Агентии авиатсияи гражданӣ, Набизода Азиз – муовини Директори Агентӣ, Сайдализода Шоира- сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва мутахассисони Агентӣ бо коршиноси идоракунии давлатӣ – Анна Билоус, мутахассиси шарикии давлат – Елена Тимушева ва Тесса Кулен – коршиноси идоракунии давлатии Бонки умумиҷаҳонӣ вохурӣ баргузор гардид.

Тавре Агентии авиатсияи гражданӣ хабар медиҳад, дар вохӯрии мазкур аз ҷониби намояндагони Бонки ҷаҳонӣ қайд гардид, ки мақсад аз ташриф овардан ин рушди ҳамкориҳо ва баррасии таҳияи “Стратегияи рушди соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2030” мебошад.

Дар вохӯрии мазкур қайд гардид, ки соҳа бо Бонки Умумиҷаҳонӣ солҳои охир ҳамкориҳои зичро ба роҳ монда, бисёр барномаҳоро амалӣ намуда истодааст.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати рушди ҳамкориҳо байни мақомоти авиатсионӣ ва Бонки умумиҷаҳонӣ ҳавасмандӣ намуданд.