Дар Суғд даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҷараён дорад

 Тавре қаблан иттилоъ дода будем, аз 25 июл то 26 август дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» тибқи тартиби нав — бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва бе ҷалби тамошобинон идома меёбад.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки 25 нафар довталаб озмуни мазкур сурат гирифт. Ҳайати ҳакамон ба маҳорату истеъдоди иштирокчиён баҳо гузошта, 6 нафарро барои иштирок дар даври дуюм интихоб намуданд.

Дар ноҳияи Спитамен низ даври аввали озмун бо иштироки 25 нафар довталаб доир шуда, 7 нафари онҳо барои иштирок дар даври дуввум роҳхат гирифтанд.

Даври аввали озмун дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид. Дар натиҷа аз 36 иштирокчӣ ба 7 нафари онҳо муяссар гардид, ки барои иштирок дар даври дуввум роҳхат ба даст оранд.

Сармуҳаррири маҷаллаи «Садои шарқ» Рустам Ваҳҳобзода иброз дошт, ки ҳар як иштирокчие, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» иштирок мекунад, мехоҳад матни адабиро вориди матни мусиқӣ кунад. «Барои ғолиб гардидан дар озмун, пеш  аз ҳама, бояд иштирокчӣ  маънишинос бошад. Ба интихоби матн, шеър ва ҳатто муаллиф диққати ҷиддӣ диҳад. Яке аз камбудиҳо ҷиддие, ки ба овозхонӣ ва мусиқии имрӯза таъсир мерасонад, ин фосилаи байни адабиёт ва ҳунар мебошад. Шахсе, ки ба мусиқӣ сару кор мегирад, бояд хуб донад, ки пайдо гардидани мусиқӣ аз матн оғоз мешавад. Зеро ҳангоми таҳияи суруд матн ва сухан дар мадди аввал гузошта мешаванд. Агар садо марғуладору мусиқӣ дилчасп бошад, вале матни баланд набошад, он гоҳ суруд мавқеи шоиста касб намекунад. Мутаассифона, саводи адабии баъзе аз ҳаваскорон ва санъаткороне, ки дар  ин замина мехоҳанд кор кунанд, дар сатҳи поин қарор дорад. Онҳо бо матнҳои хубу сараи адабиётамон шинос нестанд»,- зикр намуд мавсуф.

-Он касе, ки мехоҳад матни адабиро вориди мусиқӣ кунад, бояд на камтар аз худи эҷодкору шоир он шеъро бишносад, бо тамоми вуҷудаш эҳсос кунад ва аз он лаззат барад. Сипас медонад, ки садову мусиқӣ чӣ тавр ба ҳам пайванд мешаванд,-иброз дошт Рустам Ваҳҳобзода.

Дар талаботи номинатсияи сарояндагӣ  (академӣ, эстрадӣ ва анъанавӣ) аз иштирокчӣ интихоби муносиби шеъру суруд, мазмуну мундариҷа, риояи савтиёти тоҷиконаи талаффуз, хушовозӣ, лаҳни баён,  диапазони овоз, тақсимбандии дурусти ҳиҷоҳо, талаффузи бурро, саҳназебии сароянда, либоси саҳнавӣ, этика ва ҳаракати саҳнавӣ талаб карда мешавад.

Манбаъ: АМИТ “Ховар”

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *