Мавзўи бенизомӣ дар ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар ҳудуди роҳҳои пойтахт, инчунин аз меъёри муқарраргардида зиёд савор намудани мусофирон аз ҷониби ронандагони ин навъи воситаҳои нақлиёт дигарбора ба баҳси корбарони бахши тоҷикии шабакаи иҷтимоии Aейсбук роҳ ёфт. Шамс Фозилов, рўзноманигори тоҷик бо нашри як матлаб аз ҳаракати берабту низоми як мусофирбари тамғаи «Мерседес спринтер», ки рақами қайди давлатияш 95-99 ТТ 05 гуфта мешавад, ба баҳси корбарон дар ин мавзўъ асос гузоштааст.
Мавсуф дар матлаби худ нигоштааст: «Ин воситаи нақлиёт дар хатсайри рақами 42 фаъолият дорад, ҳарчанд дар қисмати пеш ва дари даромадаш рақами 42 насб шудааст, аммо ин рақам дар пушти мусофирбар вуҷуд надорад. Хатти ҳаракати ин хатсайр аз маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Сино то Терминали ҷанубии маҳаллаи Чимтеппаро дар бар мегирад. Бо вуҷуди он ки аз маҳаллаи Зарафшон то истгоҳи “Автосентр”-и ноҳияи Фирдавсӣ пуропури мусофир буду ягон қоидаи бехатарӣ ва фосилаи иҷтимоии муайяншуда барои мусофирон дар давраи коронавирус аз ҷониби ронанда риоя намегардид, боз то охири хатсайр нарафта, ҳамаи мусофиронро дар ними роҳ – “Автосентр” аз мошин берун кард. Баҳонааш тамбашавии нақлиёт дар роҳи иловагии самти бозори Корвон буд. Аммо вақте, ки мо мусофирон дар мусофирбари дигари рақами 42 нишаста, то Терминали ҷанубӣ рафтем, ягон тамбашавии нақлиёт дида намешуд. Масъулини соҳа барои саргардон кардани мусофирон бояд нисбати чунин ронандаҳои саркаш чораҳои зарурӣ андешанд».
Дар қисмати шарҳи ин матлаб нахустин шуда Нуралӣ Каримзода аз масъалаи риоя нашудани фосилагирии иҷтимоӣ ва истифодаи ниқоб дар хатсайрҳои шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ намудааст. Дар посух ба хитобаи Сафаралӣ Сатторов ба ин маънӣ, ки набояд матлаби мавриди баҳс ба Фейсбук роҳ ёбад, Одина Сафаров, як корбари менависад, ки: «Бародар, ин гуна масъалаҳо лозим ба зикр аст. Тасаввур кунед, вақте ки дар ҳавои гарм шуморо бо ҳар гуна баҳонаҳо дар нимароҳ вогузоранд, худро чӣ хел ҳис мекунед!?”
Дар тақвияти андешаҳои ин муаллиф, Дилафрўз Қурбонӣ, яке аз фаъолони иҷтимоӣ низ навиштааст: «Мусофирон дар ин ҳолатҳо бояд эътироз кунанд. Баъзан вақт як нафар мегӯяду дигарон хомӯш меистанд, баъдан ронандаву “кондуктор”-аш дунафарӣ ба мусофир ҳамлаи лафзӣ мекунанд. Агар ҳама сухан гӯяд, онҳо ҷуз итоат чорае надоранд».
Муслиҳиддин Қодиров, як истифодабаранда дар ҳолатҳои мазкур аз воситаи нақлиёт нафаромадани мусофиронро гузинаи беҳтарин дониста, маслиҳат додааст, ки: «Бояд ронандаро маҷбур мекардед, то ки то охири хатсайр шуморо мебурд. Мо худ айбдор ҳастем, ки ҳуқуқҳои моро поймол мекунанд» Дар посух ба шарҳи Беҳрўз Ҳасанов ҳам, ки иброз доштааст: «Худатон мефароеду ронандаро дар ғайбаш танқид мекунед, ки ин камоли беинсофист!», Шамс Фозилов, муаллифи матлаби мавриди баҳс гуфтааст: «Шарт нест, ки бо ронанда ҷангу ҷанҷол бардорем. Вазифаи шаҳрвандиямонро иҷро кардем. Муҳокимаро бояд роҳбаронашон кунанд».
Ҷойи дигар ин нуктаро муаллиф ба такрор арз дошта, дар илова иброз намудааст: «Чаро мусофир асаби бе ин ҳам хароби худро боз харобтар кунад? Пас, масъулин барои чӣ лозиманд? Аз як мушкили дигар, ки бархе аз ронандагони ин хатсайр ба мусофирон эҷод мекунанд ва масъулини марбутаро зарур аст, ки рўйи он тасмиме бигиранд, Иҳромиддин Мўсоев, як корбар хотиррасон кардааст. Ба навиштаи ин муаллиф, бархе аз ронандаҳои хатсайри 42 вақти ҳаракат аз тарафи “Бозори Корвон” эълон мекунанд, ки то Раёсати БДА-и шаҳри Душанбе, яъне микроноҳияи 33-юм мераванд. Мақсади онҳо аз ин эълон ин аст, ки мусофирон то ин макон бояд пурра аз нақлиёт фароянд ва онҳо то маҳаллаҳои 82-юму Зарафшон дубора мусофир пур кунанд ё аз касоне, ки сафарро идома медиҳанд, дубора роҳкиро ҷамъ кунанд. Дар пояи радду бадали корбарон атрофи ҳамин мавзуъ, Ғиёсиддин Қараев, яке аз мубоҳисон бо қотеият чунин арз доштааст: «Масъулини соҳа нисбати ин ронандаҳо чора намебинанд, зеро ҳамаи онҳо хешу табор ё иҷорачии мошинҳои худашон ҳастанд».
Камолиддин Каримов, як истифодабаранда ба баҳс ҳамроҳ шуда, хитобан навиштааст: «Агар ҳазор гўему нависем, бефоида аст. Чунки аз девор садо меояду аз МДК Душанбенақлиётхадамотрасон садо намебарояд. Доим посухи онҳо яктост: Ин шароитро нахоҳед, пиёда равед!»
Ба гуфтаи Усмонҷон Ҳимматов, яке аз мубоҳисон, вақтҳои охир ба соҳаи нақлиёт касе диққати ҷиддӣ намедиҳад. Ин ба он оварда расонидааст, ки ронандагон мусофиронро эҳтиром намекунанд. Аммо Ҷалол Ҷалолов, як тан аз истифодабарандагон, хилофи ин ҳама интиқодҳои корбарон, дар сурати аз эҳтиёт кор гирифтан дар замони пандемияи коронавирус истифода бурдан аз таксиҳоро муфид шуморида, инчунин гуфтааст: «… ибтидо мову шумо бояд нархи сўзишвориро ба назар бигирем. Чаро касе дар ин бора намеандешад, ки ронанда ин қадар пули сўзишворӣ, ҳуҷҷатҳои мошин, ҳаққи пулчинакҳо, автобаза ва ғайраро аз куҷо медиҳад?»
Дар робита ба шарҳи ин корбар ва дар хотимаи баҳси мазкур, Одина Сафаров навиштааст: «Агар ҳамаи шаҳрвандон пудор мебуданд, ҳеҷгоҳ аз автобусу микроавтобусҳои мусофирбар, ки одатан аз меъёр зиёд мусофир савор мекунанд ва сабаби нороҳатии шаҳрвандон мегарданд, истифода намебурданд, балки роҳат бо таксиҳо мерафтанд».
Дилшоди Муҳаммад, масъули бахши
“Афкор”-и барномаи “Бозтоб”