МАБЛАҒҲОИ ГРАНТӢ БЕШТАР МЕШАВАНД

Соли 2022 нақшаи даромади умумии  буҷети давлатӣ дар сатҳи 103,6 таъмин ва ба буҷет 36,3 млрд. сомонӣ ворид гардид.  Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ба хабарнигорон маълумот дод.

Хароҷоти буҷети давлатӣ соли 2022 дар доираи нақшаи пешбинигардида ва даромадҳои воқеии буҷет амалӣ карда шуда, ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат зиёда аз 34 млрд. 800 млн. сомонӣ равона гардид.

Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 115,7 млрд. сомонӣ ва суръати рушди воқеии иқтисодиёт ба 8 фоиз баробар гардид. Рушди иқтисоди миллӣ аз ҳисоби саноат — 15,4 фоиз кишоварзӣ — 8 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ — 11,4 фоиз,  хизматрасонии пулакӣ — 16 фоиз, мусофиркашонӣ — 13 фоиз таъмин шуд. Барои дастгирии буҷети давлатӣ 100 млн. доллар ҷалб карда шуд. Инчунин дар нишаст гуфта шуд, ки бо мақсади ҷалби маблағҳои иловагӣ барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва дигар созмонҳои байналмилалии молиявӣ тақвият дода шуда, барои амалӣ намудани лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 19 созишномаи қарзию грантӣ ба маблағи умумии 664 млн. 900 ҳазор доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд.

Аз ҳаҷми умумии лоиҳаҳои баимзорасонида 612,3 млн. доллари амрикоии он маблағҳои грантӣ, 25,7 млн. доллари амрикоӣ маблағҳои қарзӣ ва 26,9 млн. доллари амрикоии боқимонда саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Шоистаи Аҳмад

радиои “Тоҷикистон”