Имрӯз дар боғи фарҳангӣ – фароғатии “Куруши Кабир”–и пойтахт бахшида ба 30–солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар чорабинии фарҳангӣ ва барномаи ҳарбӣ – ватандӯстӣ аз ҷониби ҳунармандони саршиноси кишвар ва сарбозону хизматчиёни давлатии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон баргузор гардид, ки фарогири доираи васеи иштирокдорон ва сокинони пойтахт буд.
Дар ду тарафи боғи Куруши Кабири ш.Душанбе барномаҳои рангини мусиқӣ ва ҳарбӣ – ватандӯстӣ пешниҳоди сокинони пойтахт гардонида шуд. Аммо аз ҳама бештар таваҷҷуҳи иштирокдорони чорабиниро ошхонаҳои саҳроӣ, машқҳои ҳарбӣ – ватандӯстӣ ва намоиши сагҳои хизматии сарбозону хизматчиёни давлатии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҷалб намуд. Иштирокчиён, бахусус кӯдакону наврасон дар назди ошхонаҳои сарҳадӣ аксҳои хотиравӣ бардошта, бошавқ ба тамошои намоиши баргузорнамудаи машғул мегаштанд.
Тавре майор Фарҳоди Абдумаҷид дар ин маврид иброз дошт, ин чорабинӣ маҳз ба хотири болидарӯҳии сокинони ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуда, ҳадаф аз он таҷлили бошукӯҳи 30 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Инчунин дар чорабинӣ ошхонаҳои саҳроӣ ташкил гардида, ба иштирокчиён хӯрокҳои сарбозӣ пешниҳод гардид. Ҳамзамон чизи дигари қобили таваҷҷуҳ дар ин чорабинӣ навозиши оркестри ҳарбӣ буд, ки дар ду ҷойи васеи боғи Куруши Кабир навохта шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки ташаккули ниҳодҳои ҳарбии кишвар, муҷаҳҳазгардонӣ, низому тартибот, таъминоти моддию техникӣ ва тақвияти пайвастаи он бо назорати пайваста ва ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки дараҷаи касбияти аскарону афсарон ва вазъи муҷаҳҳазгардонии имрӯзаи Артиши миллӣ аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии он ба куллӣ фарқ намуда, марҳила ба марҳала устувору қавитар мегардад.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”