Дар робита ба оқибатҳои фоҷеабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай муҳтарам Чжан Мин номаи изҳори тасаллӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Президент,
Хабари фаромадани тарма дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки боиси талафоти одамон ва харобиҳои зиёд гардид, бо эҳсоси андуҳи амиқ дарёфтам.
Умед дорам, ки оқибатҳои ин офати табиӣ дар минтақаҳои зарардида ҳарчи зудтар бартараф карда хоҳанд шуд.
Муҳтарам ҷаноби Президент, таслияти амиқи маро ба наздикони ҷонбохтагон ва таманниёти шифои оҷили ин ҷонибро ба осебдидагон қабул фармоед».