Бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо маром идома дорад

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бар асари боришоти беисти барфи чанд рӯзи охир дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани тармаҳои калонҳаҷм ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла, дар роҳи нақлиётгарди самти Хоруғ-Роштқалъа дар се мавзеъ тармаҳои калонҳаҷм фаромада ҳаракати нақлиёт дар ин самт баста гардид.

Муддати се рӯз ҷиҳати тоза намудани ин масири роҳ 7 адад техникаи роҳнигоҳдорӣ сафарбар гардида, шабонарӯзӣ фаъолият намуданд.

Ёдовар мешавем, ки зимни сафари корӣ ба ноҳияи Роштқалъа, санаи 16 феврали соли 2023 муовини Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа, МД “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и вилоят дастури қатъӣ дод, ки дар фурсати кӯтоҳтарин барои тоза намудани ин масир чораҷӯӣ намоянд.

Хушбахтона, нимаи аввали рӯзи 17 феврали соли 2023 роҳи смти Хоруғ-Роштқалъа тоза гардида, ҳаракати нақлиёт дар ин самт таъмин карда шуд.

Боиси қайд аст, ки бо назардошти минтақаи кӯҳистон ва боришоти аз меъёр зиёд дар мавзеъҳои Дустчин ва деҳаи Шод тармаҳо аз 3 то 6 маротиба такроран фаромада, барои тоза намудани ин масир мушкилот эҷод намуданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимият давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳамаи сокинон ва меҳмонони вилоят эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки бо назардошти боришоти беисти борон ва фаромадани тармаҳои калонҳаҷм аз гаштугузор безазурат дар мавзеъҳои хатарнок худдорӣ намоянд.