Тими мунтахаби Тоҷикистон зери роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар моҳи март ду бозии дӯстона мегузаронад.
Рӯзи 25-уми март дар Дубай мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Амороти Муттаҳидаи Араб дидор анҷом медиҳад. Рӯзи 28-уми март, бошад тими миллии кишвар дар шаҳри Ал-Қувайт бо тими миллии Қувайт рақобат мекунад.
Ин рақобатҳо барои тими миллии Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки моҳи январи соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад.