Сулаймон Султонзода: Аз Суғду Хатлон бештарин зарарҳои молиявӣ ошкор шуд

Зарарҳои зиёди молиявӣ асосан дар рафти тафтиши буҷетҳои маҳаллии вилоятҳои Суғд ва Хатлон, ошкор гардиданд, ки миқдори зиёди бештар молиявӣ дар вилояти Суғд бо маблағи 10,4 млн сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ин нуктаро Сулаймон Султонзода директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ баён дошта, гуфт, ки соли сипаришуда кормандони агентӣ 1359 ҳуқуқвайронкунии маъмурии ба коррупсия дахлдоштаро муайян намуда, ҳуқуқвайронкунандаҳо ҷаримабандӣ шудаанд.

Ӯ инчунин афзуд, ки дар натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда, 205 нафар аз вазифаҳои ишғолнамуда озод карда шуда, нисбати 1146 нафар ҷазоҳои интизомӣ татбиқ карда шуд. Султонзода гуфт, ки дар соли 2022 79 ҳолати фаъолияти хешовандони наздик дар хизмати давлатӣ ошкор шуда, нисбати ин ва дигар корҳои ошкоршуда чораҷӯи карда шудааст.

Ба гуфтаи Сулаймон Султонзода директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта 247 млн сомонӣ зарари молиявиро Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ошкор кардааст. Гуфта шуд, ки бо ба роҳ мондани корҳои зарурӣ ва тадбирҳои иловагӣ ин маблағ дар ҳаҷми 264 млн сомонӣ ба манфиати давлат барқарор гардидааст. Сулаймон Султонзода инчунин таъкид намуд, ки зарарҳои молиявии нисбатан калон дар ташкилоту муассисаҳои соҳаи маориф ва илм, ҶСК “Алюминий тоҷик”, Агентии захираҳои моддии давлатӣ, ҶСК “Фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Кӯлоб” ва дигар кумитаву корхонаҳои ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст.

Сулаймон Султонзода директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки шахсони масъули аз ҷиҳати моддӣ ҷавобгар аз беназоратии роҳбарони худ истифода карда, ба азонихудкунии маблағҳои давлатӣ даст задаанд, ки дар натиҷа 36 нафар аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод гардонида шудаанд.

Ба иттилои масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 2155 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта нисбати 1176 нафар, инчунин бо дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор намудаанд, ки 918 адади он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомиланд.

Парвина Самандарзода

радиои “Тоҷикистон”