Дар робита ба оқибатҳои фоҷеабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко номаи изҳори тасаллӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Мо дар Ҷумҳурии Беларус хабари талафоти одамон ва харобиҳои зиёдро бар асари тармафароӣ дар манотиқи мухталифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсосоти изтироб ва ҳамдардӣ дарёфтем.
Аз номи мардуми Беларус ва шахсан аз номи худам ба Шумо ва пайвандони фавтидагон таслият ва ҳамдардии амиқ арз менамоям.
Хоҳишмандам суханони самимии ҳамдастӣ ва таманниёти шифои комили маро ба осебдидагон бирасонед.
Умед дорем, ки оқибатҳои ин офати табиӣ ҳарчи зудтар рафъ хоҳанд гардид ва манотиқи зарардида ба маҷрои муътадили зиндагӣ хоҳанд баргашт».