“Ҷумҳурият”: Майдони чарогоҳҳои босифат дар кишвар торафт кам мешавад (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ва ҷаҳон маводи зиёди хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд. 

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 14 феврал мақолае бо номи “Чарогоҳ. Чанд паҳули як проблема”  чоп карда, масъалаи истифодаи муассир аз чарогоҳҳо дар кишварро баррасӣ кардааст. Ба навиштаи муаллиф, таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки солҳои охир дар кишвар майдони чарогоҳҳои босифат торафт кам шуда, талаботи парвариши саршумори сол ба сол афзоишёбандаи чорворо ба пуррагӣ қонеъ намегардонанд.

Дар ин замина доктори илмҳои кишоварзӣ Толибҷон Иргашов гуфтааст, ки омили асосии мушкилоти соҳа нобаробар тақсим шудани заминҳои чарогоҳ, истифодаи бенизом ва дар рамаҳо аз меъёри муқарраргардида зиёд будани саршумори чорво аст, ки ин ҳолат боиси поймолшавии рустаниҳои чарогоҳӣ гардида, ба пастшавии ҳосилнокии чарогоҳҳо ва шусташавии қабати болоии хок оварда расондааст.

Дар ин матлаб муаллиф аз қавли масъулини соҳа навиштааст, ки хусусан, 75-90 дарсади чарогоҳҳои назди деҳот рӯ ба харобшавӣ ё таназзул оварда, ҳосилнокии миёнаи онҳо 2-2,5 маротиба кам шудааст.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 13 феврал зери унвони “Аҳамияти дар пойтахт мондану зарурати ба зодгоҳ баргаштани ҷавонон” мавзӯи ба манотиқ баргаштани мутахассисони ҷавонро ба миён гузоштааст.

Ба навиштаи муаллиф бархе ҷавонон баъди хатми донишгоҳ, ки дар бозори меҳнат ихтисосаш рақобатпазир нест, вале дар ноҳия ба ӯ эҳтиёҷ доранд ва ӯ метавонад нафъи зиёде ба мардум расонад. Аммо мутаассифона, аксари ҷавонони деҳот ин ҳақиқатро қабул надорад.  

Муаллиф таъкид мекунад, ки тибқи иттилои расмӣ, ҳоло зиёда аз 200 ҳазор донишҷӯ дар макотиби олии кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Бешак, қисми зиёди онҳо аз минтақаҳои гуногун, хусусан деҳот, ҳастанд. Пас аз хатм шумораи зиёди онҳо, ки мутахассис шудаанд, ба ноҳияву деҳа баргаштан намехоҳанд, аммо дар маҳалҳо аз камбудии кадр, ва норасоии мутахассисони ҷавон шикоят доранд.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 15 феврал хабар додааст, ки дар  ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» баррасӣ ва тасвиб шуд. Зимни муаррифии лоиҳаи ин қонун дар парлумон зикр шудааст, ки лоиҳаи қонун ба хотири ҷорӣ кардани ҳуҷҷатҳои электронӣ ва истифодаи васеи имзоҳои электронӣ дар раванди ҳуҷҷатгузориҳои давлатӣ, молиявию бонкӣ, андозу гумрук ва дигар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ таҳия гардид.

Инчунин дар идмоаи ин мавзуъ таъкид шудааст, ки аз лиҳози иқтисодӣ лоиҳаи қонун ҷиҳати аз байн бурдани хароҷоти мақомоти давлатӣ мусоидат мекунад, зеро дар ҳолати истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ ва имзоҳои рақамӣ дар ҷараёни коргузории мақомоти давлатӣ хароҷот барои харидории воситаҳои дахлдор ва ҳуҷҷатгузорӣ кам карда мешавад.

Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар шумораи рӯзи 13 феврал масъалаи таъмини амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистонро матраҳ карда, дар ин замина ба масъалаи тавлиди равғанӣ растанӣ дар дохили кишвар таваҷҷуҳ кардааст. Ба навиштаи муаллиф ҳоло талаботи бозори истеъмолии Тоҷикистон аз ҳисоби равғани истеҳсоли ватанӣ ҳамагӣ 22 фоиз таъмин мешавад.

Муаллиф дар идома таъкид мекунад, ки корхонаҳои равғанбарории кишвар дар замони шӯравӣ асосан аз чигит равған истеҳсол мекарданд, ки он вақт соле бештар аз 900 ҳазор тонна пахта истеҳсол мешуд ва дар таъмини ашёи хоми ин корхонаҳо мушкилӣ набуд.

Дар ин матлаб зикр мешавад, ки аммо айни замон истеҳсоли солонаи пахта дар кишвар ҳамагӣ андаке зиёдтар аз 400 ҳазор тонна пахта аст, ки барои тамоми сол таъмин кардани корхонаҳои равғанбарорӣ бо ашёи хом кофӣ нест.  Бо назрдошти ин муаллиф пешниҳод кардааст, ки Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар фикри зиёд кардани майдони кишти дигар зироатҳои равғандеҳ, ба монанди соя (лӯбиёи чинӣ), офтобпараст ва чормағзи заминӣ бошад.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 15 феврал дар саҳфаи аввали хеш муҳимтарин нукоти нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро чоп кардааст. Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилӣ дар суҳбат бо хабарнигорон аз афзоиши ҳамҷинсгароӣ ва паҳншавии зиёди Вируси норасоии масъунияти одам изҳорӣ нигаронӣ кардааст.  Вай гуфт, ки барои мисол 10 нафар ҳамҷинсгаро қасдан 86 нафари дигарро бо вируси ВНМО сироят крадаанд.

Инчунин Разимзода дар робита ба хабари афзоиши ҳузури ҷангҷӯёни ДОИШ дар наздикии марзҳои кишвар гуфт, ки мақомоти қудратии Тоҷикистон барои таъмини амният дар марзҳо ҳама чораҳоро андешидаанд ва барои чунин ҳолатҳо нақшаи махсус таҳия шудааст.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 16 феврал гузориши муфассале аз фаъолияти имдодгарони Тоҷикистон дар шаҳри Қаҳрамонмаръашри Туркия нашр кардааст. Дар ин гузориш чандин акс аз лаҳзаҳои кори имдодгарони тоҷик дар минтақаи аз заминларза зарардида чоп шудааст. Гуфта мешавад, ки гурӯҳи наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон то кунун се нафар, аз ҷумла ду кӯдакро зинда аз зери харобаҳо наҷот дода, инчунин ҷасади 168 тани дигарро берун овардаанд.

Нашрияи “Пайк” чопи Кӯлоб дар шумораи рӯзи 16 феврал аз фаъолияти масъулини Кӯлоб ва Фархор барои бемасуълиятӣ дар кишти такрории заминҳо интиқод кардааст. Муаллиф бо назардошти нархҳои болои маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақаи Кӯлоб, оморҳои пешниҳодии масъулини бархе ноҳияҳо дар бораи ҳосили сабзавоти ҷамъоваришударо аз воқеият дур арзёбӣ кардааст.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”