Тармаи нав дар Бадахшон. Ин бора дар Роштқалъа

Нимаи дуюми рӯзи 16 феврали соли 2023 Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо мақсади шинос шудан бо вазъи бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани таъзияи Роҳбарияти олии мамлакат ба оилаи фавтида ба ноҳияи Роштқалъа сафар намуд. Бо назардошти он, ки дар роҳи нақлиётгарди самти Хоруғ-Роштқалъа дар се мавзеъ тармаҳои калонҳаҷм фаромада, тозакунии онҳо идома дорад, раиси вилоят ва ҳайати ҳамроҳонаш бо пиёда тай намудани масофаи 14 километр роҳ ба самти маркази ноҳия ҳаракат карданд.

Раиси вилоят ба хонаи оилаи Тутишоевҳо дар деҳаи Ҷарши Ҷамоати деҳоти Роштқалъаи ноҳияи мазкур, ки бар асари тармафуроӣ дар шаҳри Хоруғ фарзандашон ҷони худро аз даст додаанд, рафта, аз номи Роҳбарияти олии мамлакат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасаллият баён намуд. Таъкид гардид, ки оилаҳои зарардида ва умуман, вазъи баамаломада дар вилоят таҳти таваҷҷӯҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат қарор доранд. Ба ин оила аз номи Роҳбарияти олии мамлакат кӯмаки яквақтаи моддӣ дар намуди маҳсулоти озуқаворӣ дастрас гардид.
Инчунин, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо вазъи воқеии бинои МТМУ №10-и Ҷамоати деҳоти Қурбоншо Гадолиеви ноҳияи Роштқалъа, ки бар асари тарма зарар дидааст, шинос шуд. Ба масъулини соҳаи маорифи ноҳия дастур дда шуд, ки бо мақсади аз хатарҳои эҳтимолӣ эмин нигоҳ доштани хонандагону омӯзгорон дар ҳамаи муассисаҳои таълимие, ки дар мавзеъҳои хатарнок ҷойгиранд, дарсҳо муваққатан қатъ карда шаванд.

Дар деҳаи Шоди ноҳияи Роштқалъа Раиси вилоят аз хонаи сокини ин деҳа Кабиров Ноёбшо, ки бар асари тармафуроӣ зарар дидааст, дидан намуданд.


Ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа ва сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки корҳои бартарафсозии оқибати офати табииро дар ноҳия зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд ва барои ҳарчӣ зудтар аз тарма тоза намудани роҳи самти Хоруғ-Роштқалъа аз ҳамаи имкониятиҳо истифода намоянд.