Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо мунтахаби Сурия бозиҳои дӯстона мегузаронад

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо тими мунтахаби Сурия (U-20) ду бозии дӯстона доир мекунад.

Рӯзҳои 21-ум 24-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои ҷавонони Тоҷикистону Сурия баргузор мешаванд. Вохӯрии дастаҳо соати 16:00 оғоз мегардад.

Бояд қайд намоем, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 1-ум то 18-уми март дар Ӯзбекистон доир мешавад, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «С» бо тимҳои мунтахаби Урдун (2-март), Уммон (5-март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8-март) рақобат мекунад.