Дар робита ба амал омадани офати табиӣ ва фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин номаи изҳори тасаллӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
ҳамдардии амиқи маро дар робита ба офати табиӣ ва фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон қабул фармоед.
Хоҳишмандам ҳамдардии амиқи маро ба наздикону пайвандони нафарони бар асари офати табиӣ халокшуда расонед. Ба зарардидагони ин офати табиӣ шифои комилу саривақтиро хоҳонам».