Ошкор шудани 247 млн. сомонӣ зарари молиявӣ

Дар соли 2022 247 млн. сомонӣ зарари молиявиро Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ошкор кардааст, – иттилоъ дода шуд дар нишасти хабарии ин ниҳод.

Гуфта шуд, ки бо ба роҳ мондани корҳои зарурӣ ва тадбирҳои иловагӣ ин маблағ дар ҳаҷми 264 млн сомонӣ ба манфиати давлат барқарор гардидааст.

Ба иттилои масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 2155 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта нисбати 1176 нафар, инчунин бо дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор намудаанд, ки 918 адади он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомиланд.

Парвина Самандарзода

радиои “Тоҷикистон”