Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
Дар иҷлосия вакилон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар иҷлосия таъкид гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» бо мақсади мутобиқ гардонидан ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» таҳия шудааст.
Баромадкунандагон ҳамчунин иброз намуданд, ки лоиҳаи Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» ба хотири ҷорӣ намудани ҳуҷҷатҳои электронӣ ва истифодаи васеи имзоҳои электронӣ дар раванди ҳуҷҷатгузориҳои давлатӣ, молиявию бонкӣ, андозу гумрук ва дигар соҳаҳо таҳия гардидааст.
Ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронии рақамиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ” аз 10 майи соли 2002 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи имзои электронии рақамӣ” аз 30 июли соли 2007-ро танзим менамояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» ба хотири ҷорӣ намудани ҳуҷҷатҳои электронӣ ва истифодаи васеи имзоҳои электронӣ таҳия гардидааст.
Зимни баррасии масъалаи ниҳоии рӯзнома -лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» зикр гардид, ки санади мазкур аз ҷониби Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили қонунгузории хариди давлатии ҶумҳурииТоҷикистон ҷиҳати таъмини истифодаи самараноки маблаѓҳои давлатӣ ва мутобиқ намудани он ба меъёр ва стандартҳои байналмилалӣ, ки аз уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо»ва ҳамроҳ будан ба Протокол миёни давлатҳо-иштирокчиёни Шартнома оид ба минтақаи савдои озод аз 18 октябри соли 2011 дар бораи қоидаҳо ва расмиёти танзими хариди давлатӣ бармеоянд, пешниҳод шудааст.
Ёдовар мешавем, ки масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро ба вакилони Маҷлиси намояндагон вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Умед, муовини директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримӣ Равшан, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Қурбонзода Маҳмадалӣ, вакилони мардумӣ Юсуфӣ Муҳаммадраҳим ва Раҳматзода Рустам муаррифӣ намуданд.