Ҳоким Холиқзода: Сиккаҳои тилоӣ ба фурӯш гузошта мешаванд

Дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар соли равон сиккаҳои тилоӣ бо арзиши 5гр, 10гр, 20 гр, 50гр, 100 гр ба фурўши озод бароварда мешаванд.

Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти хабарии ин ниҳод хабар дода, афзуд, ки бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиккаҳои монетарӣ ба фурўш бароварда мешаванд ва барои ин аллакай бо яке аз ширкатҳои Шветсария шартнома ба имзо расонида шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар умум, ба ҳаҷми 500 кг сиккаҳои тилоӣ бояд омода гардида, дар арафаи Наврўз  бо нархи ҳамонрўзаи Биржаи ҷаҳонӣ ба фурўши озод бароварда мешавад. Махсусан дар нуқтаҳои гумрукӣ ба монанди фурудгоҳу истгоҳҳои роҳи оҳан, нуқтаҳои сарҳадӣ озод пешниҳоди харидорон гардонида мешавад. 

                    Шоистаи Аҳмад

                радиои “Тоҷикистон”