Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 31-уми декабри соли 2022 дар маҷмуъ 64 адад ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 15 бонк, 20 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд ва 26 фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд, – зикр гардид, дар нишасти матбуотии Бонки Миллии Тоҷикистон.
Сатҳи таваррум дар соли 2022 4,2 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2021 3,8 банди фоизӣ кам мебошад. Нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хўрокворӣ 5,2 фоиз, молҳои ғайрихўрокворӣ 4 фоиз ва хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 1,9 фоиз ба амал омад.
Ба суоли хабарнигорон оид ба ҳаҷми қарзҳои додашуда, Ҳоким Холиқзода, раиси БМТ посух дода, таъкид дошт, ки дар соли 2022 ҳаҷми қарзҳои додашуда 14,4 млрд. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2021 700 миллион сомонӣ зиёд аст. Агар аз рўйи соҳаҳо нигарем, ба соҳаи истеъмолот 39 фоиз, кишоварзӣ 16,9 фоиз, савдои хориҷӣ 14 фоиз, саноат 10,3 фоиз, хизматрасонӣ 10,2 фоиз, сохтмон 3,7 фоиз ва дигар соҳаҳо 4,2 фоиз қарз дода шудааст. Ба соҳибкории истеҳсолӣ аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 36,8 фоиз рост омада, маблағи 5,3 млрд.сомониро ташкил дод.
Дар идома Хоким Ҳолиқзода гуфт, ки меъёри миёнавазни фоизи қарзҳо бо пули миллӣ 23,3 ва бо асъори хориҷӣ 12 фоизро ташкил додааст.
Шоистаи Ахмад
радиои “Тоҷикистон“