Дар мамлакат 70 шӯрои диссертатсионӣ фаъолият намуда, дар самти ҳимояи диссертатсияҳо, аз ибтидои фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионӣ то 31 декабри соли 2022 барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ 1757 парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия ворид шудааст.
Дар ин бора дар ҷараёни нишасти хабарии Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд. Дар нишасти хабари гуфта шуд, ки дар соли сипаришуда ба 502 нафар занон, 323 нафар кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, 1117 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, 32 нафар шахсони мансабдори ҳокимияти давлатӣ ва хизмати давлатӣ ва 34 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дараҷаи илмӣ дода шудааст.
Ба таъкиди роҳбарияти Комиссияи олии аттестатсионӣ айни ҳол дар ҷумҳурӣ 5294 нафар дорои дараҷаи илмӣ буда, 862 нафар доктори илм ва 4432 нафари номзади илм ва доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”