Дар нишасти хабарӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки тайи 5 соли охир шумораи дохилшавии духтарони хатмкунандагони синфҳои 11 ва дигар занону бонувон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Ба таъкиди ӯ агар соли 2018 ин нишондод 35,8 фоизро ташкил дода бошад, соли 2022 ин нишондиҳанда ба 46 фоиз расидааст.
Дар идомаи нишаст Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки роҳбарияти Кумита аз ҳолу аҳволи 146 нафар занону кӯдакони тоҷик, ки аз Сурия оварда шудаанду айни замон дар ноҳияи Варзоб маскун гардидаанд, пайваста огоҳӣ доранд ва то қадри имкон дар якҷоягӣ бо соҳибкорон ба онҳо кӯмакҳои моддию равонӣ мерасонанд.
Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишаст зикр кард, 70 фоиз фаъолияти занону бонувони дурдасти кишварро дузандагӣ иашкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, кумита ҷиҳати дастгирии оилаҳои ниёзманд ва ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон бо дастгирии шарикони рушд 12 адад мошинаи дарздӯзӣ, аз ҷумла 3 адад ба бонувони водии Бартанги ноҳияи Рӯшони ВМКБ, 3 адад ба бонувони шаҳри Душанбе, ба 1 нафар зан аз шахри Исфараи вилояти Суғд, 1 нафар зан аз ноҳияи Варзоб ва 1 нафар аз шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, тақсим карда шуд. Ҳамзамон ба Муассисаи давлатии таълимии мактаб – интернати №2-и шаҳри Душанбе сару либос ва ба Литсейи касбии техникии шаҳри Душанбе таҷҳизотҳои техникӣ, аз қабили 1 адад мошинаи дарздӯзӣ, 1 адад мошинаи барқӣ барои буридани матоъ, 1 адад генератори барқӣ ва 1 адад дастгоҳи дарзмолкунӣ тақдим гардид.
Ҳамчунин дар нишасти хабарии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шуд, ки соли 2022 ба марказҳои иттилоотӣ-машваратии бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 7229 нафар шаҳрвандон муроҷиат намудаанд, ки аз ин шумора 4056 нафарро занон ва 3173 нафарро мардон ташкил медиҳанд, ки муҳтавои 874 нафар шаҳрвандон вобаста ба хушунат дар оила, 1847 нафар оид ба бастани ақди никоҳ дар САҲШ, 1802 нафар оид ба пешгирии бекор кардани ақди никоҳ, 1012 нафар аз оилаҳои муҳоҷир, 490 нафар таъминот бо ҷойи кор, 1204 нафар муқаррар кардани падарӣ ва дигар масъалаҳо вобаста мебошанд.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”