Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, факултети “Гӯштини миллӣ” ташкил карда мешавад.
Дар ин бора дар матбуоти ин донишкада хабар дода шуд. Шодӣ Сафаров ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон гуфт, ки мақсад аз ташкили ин факултет рушду равнақ додани гӯштини миллӣ ва муаррифии бештари он дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Ба зикри номбурда, бо дастгирии Роҳбари давлат ва Раиси шаҳри Душанбе имрӯз гӯштини миллии мо мақоми байналмилалӣ гирифт. Дар ин замина устодони донишкада ҷиҳати рушди бештари ин намуди гӯштин таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, шогирдонро тайёр намуда истодаанд.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии раёсати Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон робитаҳои хориҷӣ бо кишварҳои дуру наздик дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, айнли ҳол дар он 81 нафар донишҷӯён ба таҳсил намуда истодаанд. Онҳо пайваста дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона доранд.
Ба зикри номбурда, донишкада бо 38 муасисаҳои олии давлатҳои ҷаҳон шартномаи дуҷониба дошта, мавриди амал қарор доранд.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”