11 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соли 2022 дар озмунҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои 2 ва 3-юм гардиданд.
Дар ин бора имрӯз ректори донишгоҳи зикршуда Убайдулло Асрорзода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дода, гуфт, ки соли 2022 вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ хушбахтона МД “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” тибқи арзёбӣ аз рӯйи меъёрҳои қоидаҳои муайянсозии рейтинги МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон шомили 5-гонаи беҳтарини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ эътироф гардид.
Ҳамзамон дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки раёсати робитаҳои хориҷии Донишгоҳ бо 41 донишгоҳу донишкадаҳо ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии хориҷи кишвар шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки аз онҳо 21 шартномаи ҳамкорӣ ва 20 шартнома маҳз барои табодули академии донишҷӯён ва такмили ихтисоси омӯзгорон мебошад.
Ба иттилои масъулини донишгоҳ 38 омӯзгорони Донишгоҳ аз ҳисоби муовинони ректор, сардорони раёсатҳо ва садорати факултетҳо ҷиҳати гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос ва иштирок дар чорабиниҳои илмӣ ба шаҳрҳои Деҳлӣ, Мумбай, Куала-Лумпур, Тифлис, Маскав, Екатеринбург, Қазон, Алмаато, Тошканд, Самарқанд ва ғайраҳо сафари хориҷӣ анҷом додаанд.
Самандарзода Парвина
радиои “Тоҷикистон”