Дар “Тоҷикфилм” аз нақшаҳо барои соли 2023 гуфтанд

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» нақша дорад, ки соли равон дар ҳамкорӣ бо филмбардорони ӯзбек таҳия ва наворбардории филми ҳунарии муштараки «Ҷомӣ ва Навоӣ»-ро оғоз намояд. Инчунин бо «Студияи филмҳои мустанади Санкт-Петербург» таҳия ва омода кардани филми тасвирии «Бабри барфӣ» ва бо Корхонаи воҳиди «Киностудияи миллии «Беларусфилм» филми ҳунарии «Норак»-ро коркард ва таҳияи намояд. 

Ин нукта дар нишасти ин Муассиса зикр гардида, ҳамчунин гуфта шуд, ки МД «Тоҷикфилм» ба нақша гирифтааст, ки соли 2023 10 филми нав таҳия ва ба навор бардорад. Ба гуфти масъулин, дар байни ин филмҳо 2 филми ҳунарии пурра, 2 филми ҳунарии кӯтоҳ, 4 филми мустанад ва 2 филми тасвирӣ мебошанд.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2022 «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ва нақшаи амали он барои солҳои 2023-2025 бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул карда шуд, ки рушди минбаъдаи кинои миллиро муайян ва таъмин менамояд.