Санаи 6 феврали соли 2023 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтар сурат гирифт.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои обтаъминкунӣ ва корезӣ, тандурустӣ, нақлиёт ва энергетика, инчунин дигар масъалаҳои мавриди назар мубодилаи афкори судманд намуданд.